-13.9 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Дар Олимпиадаи 14-уми байналмилалии «Дониш» хонандагони мактабҳои вилояти Суғд соҳиби 50 ҷойи ифтихорӣ шуданд

Дар Олимпиадаи 14-уми байналмилалии «Дониш», ки дар шаҳри Анталияи Туркия доир шуд, 99 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд иштирок намуда, ба гирифтани 50 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 15 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм ноил гардиданд.

Аз рӯйи ҷамъбасти фанҳои таълимӣ дастаи вилояти Суғд аз фанҳои физика, химия, биология, география ғолиб дониста шуда, бо 4 адад Ҷоми дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд.

Рӯзҳои баргузории олимпиада мусобиқа оид ба футбол миёни хонандагон (мувофиқи синну сол) гузаронида шуд. Дар мусобиқа миёни хонандагони 15-16-сола дастаи вилоят ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардида, бо Ҷоми дараҷаи якум мукофотонида шуд.

Ҳамзамон хонандагон дар барномаҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, бо диплом, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур аз 31 октябр то 6 ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 1200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд /АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news