-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Ҳайати Тоҷикистон бо таҷрибаи ташкили КАТС дар асоси барномаи СУТ дар Қазоқистон шинос гардид

Дар Алмаато оид ба самтҳои афзалиятноки рушди Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва васеъ намудани нақши ҳамшираҳои шафқат дар дастаҳои бисёрсоҳаи КАТС ҳамоиш баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Вазорати тандурустии Қазоқистон ва Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии Алмаато ва роҳбари идораи аврупоии СУТ оид ба КАТС иштирок намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АМИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ додааст.

Ҳайати Тоҷикистон бо ҳадафи омӯзиши таҷрибаи Қазоқистон дар самти табдилдиҳии КАТС дар заминаи маркази пешқадами таҷрибавии бемористони байниноҳиявии бисёрсоҳавии Енбекшиқазоқ дар шаҳри Есики вилояти Алмаато қарор дорад.

Давоми ҳафта ҳайати Тоҷикистон таҷрибаҳо ва стратегияҳои беҳтаринро оид ба сохтани дастаҳои бисёрсоҳавии КАТС дар Эсик қабул мекунад. Силсилаи семинарҳо ва ҷаласаҳои амалӣ, боздид аз марказҳои тибби оилавӣ дар деҳот, иртиботи босифат миёни мутахассисони КАТС аз ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисони КАТС аз Тоҷикистон, онҳо ният доранд, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистонро дар татбиқи муваффақонаи ислоҳоти Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла дар ҳамгироии хадамоти тиббию иҷтимоӣ, рушди тибби оилавӣ ва беҳбуди иртибот миёни муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ амалӣ намоянд.

Манбаъ: gov.kz/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news