-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон, инчунин дастгирии ин кишвар дар таҳкими истиқлолияти кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаи идомаи муколамаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд, баргузории ҳамоиши доираҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон ва иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023” баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ, обшавии пиряхҳо, вазъи печидаи Афғонистон, пайомадҳои пандемия, таҳримҳо ва таъсири он ба кишварҳо табодули андеша карданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news