-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО ВА ҲАЗОРОНИ ДИГАРРО ЧӢ ГУНА БОЯД НАҶОТ ДОД. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои муассирро номбар намуданд

Тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишварҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ин масъалаи ҳассос бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим изҳор доштанд, менависад Агентии иттилоотии россиягии «Sputnik».

Сарвари Тоҷикистон иброз доштанд, ки намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем.

«Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафта, ҳаҷми пиряхи аз ҳама бузургтарин — Федченко — ба таври назаррас коҳиш ёфтааст», — иқтибос меорад суханони Президенти Тоҷикистонро агентии «Sputnik».

Сарвари давлат чунин меҳисобанд, ки обшавии босуръати пиряхҳо – сарчашмаи асосии оби тоза метавонад боиси оқибатҳои хеле манфӣ гардад. Ва ин ҳама дар пасманзари афзоиши истеъмоли об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ сурат мегирад.

«Дар ин замина Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар доираи Эътилофи обу иқлим соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад»,-изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дубора барои таъсиси «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» сухан гуфтанд. Ба назари Сарвари давлат, ин ташаббусҳо ба қабули чораҳои дастҷамъона ва татбиқи амалҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ такони нав мебахшанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news