-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас мулоқот намуданд

8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи шарикии миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва нақши муассири ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо хусусан кӯмакҳои ба кишвар дар давраи пандемияи коронавирус ва рафъи пайомадҳои он изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории рушди инфрасохтор, аз байн бурдани маҳдудиятҳои содиротиву воридотӣ ва транзити молу маҳсулот, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Бонки ҷаҳонӣ барои анҷом додани сафар ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news