-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот карданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот карданд.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуданд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон минбаъд низ босамар идома хоҳад ёфт.

Дар рафти мулоқот саҳми бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишвари мо таъкид гардид.

Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ,  инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҷалби маблағҳои иловагӣ ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне “истиқлолияти энергетикӣ”, инчунин, дар шароити тағйирёбии иқлим дастрасии бештар ба “энергияи сабз” ва ташаккули “иқтисоди сабз” зарур шумурда шуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news