Пагоҳ, 9 ноябр дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ менамоянд.
ДАР АКС: Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ. Москва, 9 феврали соли 2021. Акс: Ҳукумати ФР