-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Миёни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва намояндагии «Фонди Авруосиё Инк.»-и ИМА Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

 Ҳафтаи сипаригардида миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии «Фонди Авруосиё Инк.»-и ИМА дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки онро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва Директори намояндагии Фонд Фируз Сатторов ба имзо расониданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, асоси Ёддошти тафоҳумро ҳамкории тарафайн дар соҳаи рушди муносибатҳои шарикии дутарафа баҳри татбиқи кӯшишҳои муштараки ҳамоҳангшуда, ки ба инкишофи ҳамкории дарозмуддати конструктивӣ дар соҳаи рушди ҷомеа ва устуворгардонии иқтидори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ташкил медиҳад.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур — ин ифтитоҳи якҷояи раванди навсозӣ ва муносибгардонии заминаи техникии мутамаркази системаи иттилоотии ҳуқуқии «Адлия» ва таъмини минбаъдаи дастрасии ройгон ва озод ба он барои тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ташаббуси муштараки мазкур ба ташаккули шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини дастрасии саривақтии онҳо ба иттилооти ҳуқуқии мубрам, аз ҷумла тавассути замимаи мобилӣ мусоидат мекунад.

Манбаъ: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news