-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд муҳтарам Марк Рутте мулоқот намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд муҳтарам Марк Рутте мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот дурнамои робитаҳои ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Подшоҳии Нидерланд, ки моҳи июли соли 2022 аз барқароршавии он 30 сол пур шуд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар давраи кунунӣ имкониятҳои зиёд ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, молия, сайёҳӣ, ҳамчунин, иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус маориф вуҷуд доранд.

Зимни мулоқот оид ба истифодаи зарфиятҳои сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Нидерланд, инчунин таҷрибаи ғании ширкатҳои он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, туризм, фанновариҳо ва технологияҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҷонибҳо ҳамкории судмандро дар татбиқи рӯзномаи СММ оид ба масъалаҳои об, ки дар он Тоҷикистон ташаббускори асосӣ шуморида мешавад, махсусан қайд намуда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҳамраисӣ намудани Конфронси СММ оид ба татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор – 2018-2028”-ро моҳи марти 2023, изҳор намуданд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news