-10.6 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд

 6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории судманд маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад.

Аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар, як неругоҳи обии барқӣ ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз ба мувофиқаҳои пешакӣ расидаанд.

Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК  аз ширкатҳои калонтарин ва пешқадами минтақа ва ҷаҳон доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти муосири соҳаҳои энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ, рақамисозии идораю истеҳсолот ва ғайра мебошад.

Ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои гуногун ба мисли сохтмони шаҳрҳои ҳушманд, неругоҳҳои барқии обӣ, ҳароратӣ, офтобӣ ва бодӣ, роҳҳои оҳан, минтақаҳои истеҳсолӣ ва паркҳои логистикӣ ва инчунин дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ, таҷрибаи фаровон дорад.

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news