-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин маросим ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Мисри Араб, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд доданд.

Зимрни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Павилиони об ва иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарони давлатҳову ҳукуматҳо ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузро хайрмақдам гуфтанд.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад. Дар ин давра бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатъномаи марбут ба обро қабул намудааст. Қатъномаҳо дар бораи эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилаллии оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилаллии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошанд.

Таъкид гардид, ки чорабиниҳои мазкур ба пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ мусоидати муассир намуда, дар ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳаллу фасли онҳо саҳми муносиб гузоштаанд.

Дар ин зимн, бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаро дар хусуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 қабул кард. Меҳвари талошҳои ин Даҳсоларо такон ва суръати тоза бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об бо мақсади ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки моҳи июни соли равон дар Тоҷикистон Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” доир гардид. Дар ин ҳамоиш паёмҳои калидӣ барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки дар чорчӯби он раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи мазкур арзёбӣ мегарданд, таҳия карда шуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ба ҳайси ҳамраисони Конфронси об кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки онро на танҳо аз лиҳози замонӣ, балки аз лиҳози натиҷаҳояш низ таърихӣ гардонанд.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки Павилиони об низ Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳидро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор додааст ва умед аст, ки самараи иҷлосу мубоҳисаҳо дар доираи он ба раванди омодагӣ ба ин ҳамоиши бонуфуз дар соли оянда саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Зимни таҳлилу баррасии масоили тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири офатҳои табииӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати афзоиши иқтидори тавлиди “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон ва пешниҳоди кишвари мо оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро таъкид намуданд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки Павилиони об низ дар пешбурди ҳадафҳои созанда саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.

Мавриди зикр аст, ки Павилиони об ва иқлими Тоҷикистон дар доираи Иҷлоси 27-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар мавзуи “Муттаҳид кардани ҷаҳон барои мубориза бар зидди тағирёбии иқлим” ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ташкил гардидааст.

Павилиони об ва иқлим аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Арабии Миср, Британияи Кабир, Олмон ва Подшоҳии Нидерландия дар ҳамкорӣ бо зиёда аз 35 созмону ташкилоти мухталиф ташкил шуда, як платформаи беназир барои намоиш ва таблиғи нақши марказии об барои ноилшавӣ ба пешравӣ ҳам дар мутобиқшавӣ ва ҳам дар коҳишёбии тағйирёбии иқлим хоҳад шуд.

Павилиони об ва иқлим аз 7 то 18 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайх фаъолият карда, ҳар рӯзи он ба мавзӯҳои алоҳида бахшида мешавад. Барномаи он доираи васеи зермавзуъҳоро аз беҳдошт, ғизо ва энергетика, то масъалаҳои гендерӣ, рушд ва гуногунии биологӣ дар бар мегирад.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news