5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Миср, робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва рӯзномаи Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбарияти кишвари мизбон барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи баланд ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карда, фаъол намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматиро барои баррасӣ ва тарҳрезии ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мавриди назар зарур шумурданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, бахусус дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истихроҷу коркарди маъданҳо, ҳамчунин энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима карда шуд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва паҳншавии ақидаҳои тундгароёна, қазияи Афғонистон, ки имрӯзҳо ба масъалаи доғ ва мавриди нигаронии тамоми ҷаҳониён гардидааст, баррасӣ гардид.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news