5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот карданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи босамари ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид.

Барномаи имкониятҳои стратегии кишварии Хазина, ки ба дастгирии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва таҳкими устувории муҳити зист равона шудааст, зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он ба соҳаи кишоварзӣ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news