2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

«Ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон дар тамоми зинаҳои таҳсилот амалӣ гардид»,- бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Тибқи моддаи 41-уми Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ ба таҳсил дошта, давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад. Вобаста ба соҳаи маориф ва илм ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот амалӣ гардида, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар чаҳорчӯби сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои калидӣ эълон гардид. Ин матлабро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баргузории Конференсияи илмӣ-назариявии- «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаи рушди босуботи соҳаи маориф ва илми кишвар» баён намуд.

Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ин санади олии ҳуқуқии кишвар дар ҳаёти сиёсии мамлакат саҳифаи тозаеро боз намуда, таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат зиндагии орому осуда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва оромии сиёсиро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муътабару муътамади бахтовару сарнавиштсоз тавонист ифодагари манфиатҳои мардум бошад ва миллати тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ намояд. Он ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи Конститутсия- суботи конститусиониро муайян кард.

Таъкид шуд, ки Конститутсия таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳар банди онро риоя кунанд, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намоянд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ- бунёди давлати пешрафта ва мардуми дорои зиндагии шоиста бирасем.

Дар ҳамоиш муовинони Вазири маориф ва илм, сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Манбаъ: Маркази матуботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news