-2.6 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

«ҲУНАРМАНДИ СОЛ – 2022». Ғолибони даврҳои якум ва дуюми сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии ин озмун қадрдонӣ шуданд

Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарманди сол – 2022» баргузор гардид. Дар он 22 ҳунарманди ғолиби даврҳои якум ва дуюми сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ, “Диплом”-у “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар даври ниҳоии озмун намоиши маҳсули дасти ҳунармандон доир гардид, ки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва роҳбарияти вазорату кумитаҳои дахлдор дидан намуданд.

Озмуни мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар 2 давр аз рўйи 6 номина: кандакорӣ ва дуредгарӣ дар чӯб (гаҳворасозӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ); дӯзандагӣ (гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ); наққошӣ, рассомӣ (миниатюранигорӣ, кундалнигорӣ, хаттотӣ); кулолгарӣ, аъҷубасозӣ; бофандагӣ (атласбофӣ, адрасбофӣ, беқасаббофӣ, читгарӣ); коркарди метал (заргарӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ) аз нимаи моҳи июни соли равон оғоз шуда, дар арафаи 25 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Озмун аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Манбаъ: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news