-10.6 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Хизматчиёни давлатӣ Рӯзи Конститутсияро дар «Кохи Афсарон»-и Душанбе бо шукӯҳ таҷлил намуданд

28 сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неку дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ дар давраи басо мушкил Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд ва аз шарофати он имрўз дар кишвар эъмори ҷомеаи ҳукуқбунёд бомаром идома дорад. Чунин баён гардид, зимни баргузории чорабини тантанавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар «Кохи Афсарон»-и пойтахт баргзор гардид, иттилоъ доданд дар агентии мазкур.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов чорабинии тантанавиро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуд.

Ҳамоиш таҳти унвони «Конститутсия — кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар» доир гардида, дар он собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷумла, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Махкам Маҳмудзода, собиқ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғайратшо Тағойзода, муовини якуми роҳбари дастгоҳи МНМОҶТ, Қарамалӣ Нуралишозода, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ аз вазорату идораҳо, магистрантон-хизматчиёни давлатии бо таҳсил фаро гирифташудаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Иштирокчиён вобаста ба таърихи қабули ин санади олии давлатӣ, марҳилаҳои омодасозии лоиҳаҳои Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол, хусусиятҳои хоси Конститутсияи Тоҷикистон, эътибор ва эътирофи олӣ доштани ин ҳуҷҷати муаррифгари сохтори давлатӣ маърӯзаҳо пурмуҳтаво намуданд.

Нотиқон зикр карданд, ки бисту ҳашт сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Манбаъ: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news