-3.1 C
Tajikistan
Sunday, October 1, 2023

Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни дастаҳои бонувони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд

Ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол (бонувон), ки миёни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баргузор шуд, муайян гардиданд. Ҷойи якумро дастаи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зинаи  дуюмро  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми  сеюмро  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштанд.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гардид.

Дар он 17 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок карда, миёни ҳам рақобат намуданд.

Ғолибону ҷоизадорони чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Барои ғолиби ҷойҳои якум — 6 ҳазор сомонӣ,  дуюм -4 ҳазор сомонӣ ва  сеюм — 2 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд, ки маблағҳои мазкур  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Инчунин миёни кормондони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд, шашкаву шоҳмот ва тенниси рӯи миз идома дошта, дар арафаи таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ мегарданд.

Манбаъ: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...

Related news