2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Донишҷӯёни забондони Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ аз пардохти 10-20 фоизи маблағи шартномаи таҳсил озод мешаванд

 Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент донишҷӯёнеро, ки аз 4 то 15 ноябр 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик аз бар менамоянд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод намояд.

Бо пешниҳоди Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода донишҷӯёне, ки то имрӯз маблағи шартномаи таҳсилро пурра пардохт намудаанд, дар сурати аз бар намудани 400 вожаи пешниҳодшуда Донишгоҳ ба онҳо 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсилашонро бар мегардонад. Донишҷӯёни дар доираи ихтисосҳои забони англисӣ таҳсилкунанда бинобар соҳибтахассус будан аз ин имтиёзи пешниҳодшуда истисно мебошанд.

Инчунин донишҷӯёне, ки рейтингҳои 1-ум ва 2-юми давраҳои таҳсилро бо баҳои аъло ҷамъбаст менамоянд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд, аз пардохти ҳаққи шартномаи таҳсил то сессияи навбатӣ озод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз 13 сентябри соли 2022  омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»/Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news