-10.6 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Дар ДДҲБСТ ғолибони озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» қадрдонӣ гардиданд

Ба шарафи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Конститутсия – бахтномаи миллат» бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) қадршиносӣ карда шуданд.

4 ноябр дар Донишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи Конститутсия Конференсияи илмӣ таҳти унвони «Конститутсия – санади тақдирсози миллат» баргузор гардид.

«Таҷлили бистуҳаштумин солгарди Конститутсия, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад», -иброз дошт Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода.

Тазаккур дода шуд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 28 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид ва имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шохаҳои ин давлатро рӯз ба рӯз мустаҳкам менамояд.

Дар идома, як зумра коршиносону ҳуқуқшиносон ва устодони донишгоҳ — декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол», дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ Зарина Раҳматова таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-заминаи рушди давлатдории миллӣ” ва донишҷӯи соли сеюми риштаи ҳуқуқшиносӣ Самандар Нормуродов дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза намуданд.

Иброз гардид, ки Конститутсия, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони мамлакат ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Манбаъ: ДДҲБСТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news