-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Гулбаҳор Назирӣ ва Эндрю Спиндлер оид ба рушди хизматрасонии молиявӣ суҳбат намуданд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо намояндагони Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) таҳти роҳбарии Президент ва директори иҷроияи ташкилоти зикршуда Эндрю Спиндлер баргузор шуд.

Зимни мулоқот Гулбаҳор Назирӣ зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар тӯли се соли охир бо Ҳайати ихтиёриён ҳамкорӣ дорад ва дар ин муддат ду марҳилаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯйи лоиҳаи «Баланд бардоштани ягонагии молиявӣ ва таҳкими устуворию дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон» амалӣ гардид, ки дар робита ба ин ҳамкории муваффақонаи ҳарду ташкилот ҳангоми амалӣ намудани ин лоиҳа роҳандозӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки дар доираи амалӣ намудани марҳилаи дуюми ҳамкории техникӣ бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ зиёда аз 20 чорабинии таълимӣ баргузор шуд.

Президент ва директори иҷроияи Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ Эндрю Спиндлер изҳор намуд, ки онҳо дар ду марҳилаҳои пешинаи лоиҳа бо ҳамкории БМТ ба дастовардҳои хуб ноил гаштанд. Бинобар ин дар ин самт корҳо идома дода мешаванд ва ҳамкории дуҷониба дар оянда низ пурмаҳсул ва судбахш хоҳад буд.

Манбаъ: шуъбаи матбуоти БМТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news