2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

«НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт

 3 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 30 ноябр идома меёбад.

«Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараю нигораҳои инъикоскунандаи раванди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ, аксҳои таърихӣ, китобу маҷаллаҳо пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин нигораҳои таърихӣ аз раванди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунанд»,- иброз дошт сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Намоиш аз гӯшаи аксҳои таърихӣ оғоз мегардад, ки дар онҳо раванди иҷлосия аз ҷониби суратгир Бобоҷонов И.М. аксбардорӣ шудааст. Инчунин нигораҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, аз ҷумла нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯса карданд, ҳамчун дигар ашёи нодири таърихӣ ба намоиш бароварда шудаанд.

Дар намоиш инчунин асарҳои офаридаи рассомон Ҷураев Ғ. «Савганди ҷовидонӣ», Рабиев О. «Сулҳ – мақсади асосӣ!», Ғаюров Б. «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ғаюров К. «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Абдуқодиров М., Раҳимов Р. «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Фозилов Р. «Дуои модар» ва «Президент» пешниҳод шудаанд.

Дар намоиш тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад оид ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки аз раванди ин иҷлосияи тақдирсози кишвар қисса мекунанд.

Манаъ: Осорхонаи миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news