28 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаи фарҳангу санъат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, онҳо роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар густариши муносибатҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи, моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.