5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Боку иштирок намуд

 Дирӯз, 31 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии мубодилаи маълумот дар занҷираҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуда, сухан гуфт.

Конфронсро Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашад Набиев якҷо бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Олга Алгаёрова ифтитоҳ намуданд. Дар кори он муовинони вазирони рушди иқтисоду савдо, инноватсияву рақамикунонӣ ва намояндагони доимии кишварҳои аъзои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

А.Абдураҳмонзода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори кишвар якчанд санадҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Консепсияи ҳукумати электронӣ, қонунҳо «Дар бораи имзои рақамӣ», «Дар бораи савдои электронӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

Инчунин дар доираи конфронси мазкур вобаста ба нақши стандартҳои СММ дар рақамикунонии мубодилаи маълумоти тиҷоратӣ истифода аз технологияҳои инноватсионии рақамӣ, содагардонии расмиёти тиҷорати фаромарзӣ, ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои транзитӣ ҳангоми интиқоли борҳо миёни кишварҳои аъзои СПЕКА ва таҷрибаи беҳтарин дар ин самт бо истифода аз кумакҳои шарикони рушд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар конфронс истифодаи стандартҳои байналмилалии СММ (СЕФАКТ СММ) дар самти рақамикунонӣ ва ҳамоҳангсозии низомҳои «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» миёни кишварҳои аъзои СПЕКА зарур арзёбӣ гардид.

Дар натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии табодули иттилоот дар занҷираҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ қарор қабул гардид, ки тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои баррасӣ ба Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА пешниҳод гарданд.

Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news