-12.6 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАҚВИЯТИ МАВҚЕЪ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ТАМОМИ ИМКОНИЯТРО ДОРОСТ. Дар ин бора сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» изҳор дошт

 «Ифтитоҳи корхонаҳои нав ва навсозию таҷдиди корхонаҳои мавҷуда имкон дод, ки содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёбад», -чунин гуфт зимни суҳбат бо хабарнигор сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Малика Ёрбобоева.

Тоҷикистон чӣ содир мекунад?

Малика Ёрбобоева гуфт, ки Тоҷикистон ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон риштаи пахтагӣ, матоъ, либоси тайёр ва ҳамчунин маҳсулоти пашмин содир мекунад. Чунин намуди маҳсулот дар шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба соли 2021 ба маблағи 118 миллион доллар зиёд фурӯхта шудааст.

«Ба афзоиши содирот афзоиши ҳаҷми истеҳсолот аз ҳисоби ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, навсозӣ ва таҷҳизи соҳаҳои мавҷудаи саноат дар пайи ислоҳоти иқтисодии аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи саноати сабук гузаронида таъсир расонид», — афзуд Малика Ёрбобоева.

Номбурда зикр кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук соли 2021 ба 4,1 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2020 132 фоизро ташкил дод. Вазни қиёсии маҳсулоти саноати сабук дар истеҳсолоти умумӣ ба беш аз 10 фоиз баробар гардид.

Маҳсулотро асосан корхонаҳои хусусӣ истеҳсол намудаанд, ки онҳо 99,4 фоиз ва сохтори давлатӣ ҳамагӣ 0,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли саноати сабук соли 2021 саҳми асосиро саноати нассоҷӣ – 3,6 миллиард сомонӣ (87,2%), саноати дӯзандагӣ – 340 миллион сомонӣ (8,2%), саноати чарму пойафзол – 113 миллион сомонӣ (2,7 %) ва дигар соҳаҳо 79 миллион сомонӣ (1,9 фоиз) гузоштаанд.

Малика Ёрбобоева тавзеҳ дод, ки имрӯз рушди саноати сабук дар Тоҷикистон бо назардошти мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ, заҳматталабии истеҳсолот ва дар заминаи он таъсиси ҷойҳои зиёди корӣ, махсусан барои занон, духтарон ва ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа мебошад

Рушди саноати сабук ва суръати саноатикунонӣ

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд, ки он рушди иқтисодиётро таъмин менамояд. Дар чаҳорчӯби “Барномаи рушди саноати сабук дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2022” раванди индустрикунонии кишвар дар ин соҳа сурат гирифта, ба афзоиши коркарди ашёи хоми ватанӣ нигаронида шудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи саноати сабук корхонаҳои азим бунёд ва ба истифода дода шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд, ки натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Соли 2021 дар ҷумҳурӣ 514 корхонаи саноати сабук ё 21,5 фоизи шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буд. Аксари корхонаҳои саноат дар саноати нассоҷӣ – 248 корхона (48,3%), дӯзандагӣ – 129 корхона (25,1%), чарму пойафзол – 18 корхона (3,5%), дар дигар намудҳо – 119 корхона (23, 1%)-ро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Малика Ёрбобоева, соли гузашта дар саноати сабук 18 ҳазор нафар, яъне 22,8 фоизи шумораи умумии корбарони саноати ҷумҳурӣ ба кор ҷалб шудаанд. Бештар дар саноати бофандагй — 9 ҳазор нафар ё 50 фоиз, дар саноати либосдӯзӣ — 5,2 ҳазор нафар ё 28,9 фоиз, дар саноати чарму пойафзол — 800 нафар ё 4,4 фоиз, дар дигар намудҳои саноати сабук — 3 ҳазор нафар ё 16,7 фоиз кор мекунанд.

Нархи баланди пахта

Мувофиқи иттилои маҷаллаи тиҷоратии амрикоии «Drapers», талабот ба пахтаи органикӣ меафзояд ва он аз пешниҳод хеле зиёдтар аст. Мувофиқи маълумоти «Textile Exchange», як гурӯҳи ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияташ ба афзоиши фурӯши ҷаҳонии либосҳои устувори пахтагӣ нигаронида шудааст, тибқи талаботи ҷаҳонӣ ба нассоҷии органикӣ то соли 2030 нисбат ба давраи асосии солҳои 2019-2020 84% афзоиш хоҳад ёфт. Пахтаи органикӣ нахи табииест, ки дар муҳити аз ҷиҳати экологӣ тоза бидуни истифодаи маводи кимиёвӣ – гербитсидҳо, инсектисидҳо ва фунгисидҳо парвариш карда мешавад. Ин усули парвариш ба истеҳсоли бофтаи комилан гипоаллергенӣ мусоидат мекунад.

«Дар робита ба афзоиши талабот ба маҳсулоти экологӣ дар кишварҳои пешрафта Тоҷикистон тамоми имкониятро дорад, ки на танҳо ҷуғрофиёи худро васеъ намояд, балки мавқеи худро дар бозорҳое, ки аллакай маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик ба содирот мебарояд, тақвият бахшад», — гуфт мутахассис.

Ба гуфтаи ў, пахта ашёи асосии саноати нассоҷӣ буда, маҳсулоти он дар тамоми ҷаҳон талабот дорад. Омили бунёдии рушди саноати сабуки кишвар мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ – нахи пахта мебошад, ки истеҳсоли он дар як сол аз 100 то 120 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 80 ҳазор тонна нахи пахта дар се баст дар як сол фаъолият доранд.

Солҳои охир корхонаҳои ресандагӣ истеҳсоли риштаи пахтагинро мунтазам афзоиш доданд, ки ҳаҷми он соли 2021 ба 23338 тонна баробар шуд. Бо дахли саноати дӯзандагӣ, сардори Раёсати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ афзуд, ки солҳои охир саноати дӯзандагӣ ҳам ташаккул ёфт, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии саноати сабуки ҷумҳурӣ 25-30%-ро ташкил медиҳад.

«Дар саноат барои васеъ намудани намудҳои маҳсулот, зиёд кардани захираю иқтидори техникӣ ва кадрии корхонаҳо тадбирҳои муайян андешида мешаванд, ки ин ба талаботи имрӯзаи ба маҳсулоти нассоҷӣ ва стандартхои байналмилалӣ мувофиқ будани онҳо марбут аст. Корхонаҳои дӯзандагӣ, ки солхои охир ташкил карда шудаанд, бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд, ки ин имконият медиҳад самаранокии меҳнат, инчунин сифати маҳсулот баланд гардад. Дар корхонаю коргоҳҳо либосҳои барои таъйиноти гуногун, аз қабили либоси низомӣ, либоси махсус, либоси кӯдакона, мардона, занона, мактабӣ, варзишӣ, либоси ягона барои ҳоҷиён, кати хоб, кӯрпа, болишт, хаймаи низомӣ, сумка, кулоҳ, парчамҳо, матоъҳои хонагӣ ва ҳунармандй истеҳсол карда мешаванд. Хусусияти саноати дӯзандагӣ бо кор таъмин намудани аҳолӣ, бахусус занону духтарон аст, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар кишвар муҳим аст. Дар ин росто, ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳибкории хурду миёна дар ин соҳа, рушди зерсохтор ва омодасозии мутахассисони соҳибихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад», — илова кард Малика Ёрбобоева.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ҳаҷми истеҳсоли либос дар ҷумҳурӣ мунтазам меафзояд. Соли 2021 он 340,3 миллион сомониро ташкил ва суръати афзоиш нисбат ба соли 2020 199,1 фоизро ташкил дод.

Брендҳои саноати сабуки Тоҷикистон

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, истеҳсолкунандагони маҳсулоти дӯзандагӣ дар намоишгоҳу ярмаркаҳои мухталифи дохил ва хориҷи кишвар фаъолона ширкат мекунанд. Ин ба онҳо имкони беҳамторо барои барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, баланд бардоштани огоҳӣ аз тамоюлҳои байналмилалии дӯзандагӣ ва нассоҷӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол, пешбурд ва муаррифии маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ медиҳад.

Бояд гуфт, ки махсулоти якчанд корхонаҳои саноати дӯзандагии мамлакат низ дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи сазовор пайдо карда, чандин сол боз ҳам ба Аврупо ва ҳам ба кишварҳои ИДМ содир карда мешавад. Аз мамлакат бештар шимҳои ҷинси мардонаю бачагона, куртаҳо, трикотаж, либосҳои варзишӣ содирот мегарданд. Ҳаҷми содироти дӯзандагӣ соли 2021 18,8 миллион доллар ва дар давраи ҷорӣ 7,7 миллион долларро ташкил дод.

«Саноати ҷӯроббофиро низ набояд аз даст дод, ки он бо суръати баланд густариш меёбад. Дар ояндаи наздик ширкати «Ваҳдат Текстил» ҳамкориро бо брендҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки шабакаи васеи чакана дар саросари ҷаҳон доранд, оғоз хоҳад кард», — мегӯяд Малика Ёрбобоева.

Ба гуфтаи вай, маҳз ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонӣ барои ҷойгир кардани фармоишҳои онҳо дар корхонаҳои кишвар на танҳо ба соҳа, балки ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ низ таъсири муҳим ва мусбат мерасонад. Ин ба афзудани иқтидори содиротии мамлакат, ба ҷумҳурӣ ворид намудани сармоя ва беҳтар шудани нуфузи он дар бозорҳои байналмилалӣ кумак мерасонад.

«Ҳамчунин иҷрои фармоишҳои брендӣ ба баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа, бахусус занон, инчунин сатҳи масъулияти корфармоёни маҳаллӣ дар назди кормандони худ барои таъсиси ҷойҳои кории бехатар, таъмини музди меҳнати устувори кафолатнок ва бастаи дахлдори иҷтимоӣ, аз ҷумла ёрии тиббй ва фароҳам овардани шароит барои бачаҳо дар боғчаю кӯдакистонҳо мусоидат менамояд», — мегӯяд сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон Малика Ёрбобоева.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....