-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия бипазиред.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Бразилия сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам.

Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо кишвари Шумо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштарак баҳри пешбурди самарабахши онҳо изҳор менамоям.

Итминон дорам, ки робитаҳои созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ идома ёфта, рушд хоҳанд намуд.»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news