5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

Муносибатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Эрон густариш меёбанд

 Дирӯз раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон Файзулло Баротзода бо намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Насироӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки аз 31 октябр то 6 ноябр идома меёбанд, мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон аз оғози истиқлолияти давлатии кишвар шурӯъ гардида, борҳо дар вохӯриҳои сатҳи баланд миёни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва Эрон, машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду мамлакат муҳокима гардиданд ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Натиҷаи ин заҳмату талошҳо буд, ки намояндагони ду кишвар имрӯз бо ҳам дар шакли ҳузурӣ суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.

Боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Эрон аз кишварҳои ҳамдигар, гуфтушунидҳои дӯстона, инчунин санадҳое, ки дар ҷараёни ин боздидҳо ба имзо расидаанд, барои рушди минбаъдаи муносибатҳо заминаи устувор гузоштанд ва роҳу усулҳои татбиқи қарордодҳои имзошударо муайян намуданд.

«Пешрафти кунунии ҳамкории ду кишвар собит намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ ҷиҳати таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми бориз дорад. Мо аминем, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар фаъолияти босамари худ ин рисолатро ба ваҷҳи писандида анҷом хоҳанд дод»,- афзуд Файзулло Баротзода.

Дар мулоқот инчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон Насиба Содиқӣ иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 31 октябр то 6 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Имрӯз маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news