5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Маҳмадтоир Зокирзода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Парлумони касбии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо ин созмони байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти тандурустӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) аст ва дар тӯли ин муддат дар доираи ин созмон фаъолияти муваффақона дорад.

«Худи замон аз мо талаб мекунад, ки афзалияти шарикии амалиро барои дарозмуддат аз нав дида бароем. Ҳамкории ҳарду тараф бояд ба талаботи ҳозира пурра ҷавоб диҳад. Кишвари мо дар иҷрои уҳдадориҳои ТУТ, татбиқи принсипҳо дар сатҳи қонунгузории миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мо саъю кӯшиши созмонҳо, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустиро барои расонидани кумаки фаврӣ ва дарозмуддат дар мубориза бо оқибатҳои башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 қадр мекунем»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии вирус тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамкории зич дорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news