-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Саъдӣ Қодирзода дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ иштирок намуд

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 26 октябр дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои мудирони бонк дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки таҳкими пайвастаи муносибатҳо ва ҳамкории сармоягузориву инфрасохторӣ дар доираи Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ба таъмини рушди мутавозин ва устувории кишварҳои аъзо мусоидат мекунад.

Ҷаласаи солонаи бонк бо иштироки беш аз 220 намоянда аз кишварҳои узви Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ баргузор гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории судманд миёни Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои афзалиятнок тавсеа ёфта, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои нав боз ҳам фаъол мегарданд.

Дар фарҷоми ҷаласа иброз гардид, ки ҷаласаи 8-уми солонаи бонк 25-26 сентябри соли 2023 дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, ки Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими ҷумҳурӣ буда, дар доираи ҳамкории судманд бо ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба маблағи беш аз 140 миллион доллар идома дорад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи авлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news