26 октябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири навтаъйини корҳои хориҷии ин давлат Шайх Солим Абдуллоҳ ал-Ҷобир ас-Сабоҳ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.