-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Роҳҳои дурусти тавсифи илмии нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо зимни ҳамоиш баррасӣ шуданд

Бо мақсади омӯзиш, ҳифз ва  муаррифии мероси хаттии ниёгон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони  «Роҳҳои дурусти тавсифи илмии нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо»  ҳамоиш доир гардид. Дар он ходимони илмии хона-осорхонаҳои адабии Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Осорхонаи китоби Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»  Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки мероси хаттӣ яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии  халқи тоҷик ба шумор рафта, он ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик нақши муҳим дорад.

Зикр шуд, ки мероси хаттӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи ҳар халқу миллат мусоидат карда, барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии мардум ва рушду нумӯи фарҳанги миллӣ замина мегузорад.

Дар ҳамоиш  аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мероси хаттии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» роҷеъ ба нозукиҳои риштаи дастхатшиносӣ ва роҳҳои дурусти тавсифи илмӣ намудани нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо маърӯзаҳои илмӣ ироа гардиданд.

Ҳамзамон иштирокорони ҳамоиш аз толорҳои намоишии доимамалкунандаи «Мероси хаттӣ» ва «Ҳунари хушнависӣ»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» боздид  намуда, аз ҷониби роҳбаладон бо онҳо сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.

Манбаъ: Осорхонаи миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news