-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок карданд

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар кори иҷлосия ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ гузориши Дабири кулли созмонро дар бораи натиҷаи кори Ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Ҷумҳурии Арманистон аз 15 то 24 сентябри соли 2022 шуниданд.

Дар рафти иҷлосия аҳамияти таҳкими тадбирҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ба эътидол овардани вазъ ва беҳбуди вазъият дар минтақаи амнияти дастҷамъӣ дар Қафқоз, аз ҷумла дар асоси изҳороти сеҷонибаи сарони давлатҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон таъкид шуд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азми Тоҷикистонро барои идомаи риояи уҳдадориҳои шарикии худ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бори дигар таъкид карда, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои рушди минбаъдаи низоми вокуниш ба бӯҳрон зикр намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосия сарони давлатҳо ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дастур доданд, ки кор дар самти татбиқи тадбирҳои мусоидат ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ба эътидол овардани вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷонро идома диҳад.

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news