Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Қаҳрамон Юлдашев дар Тошканд баррасӣ гардид.
Мусоҳибон масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар самти кооператсияи саноатӣ ва кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.
Инчунин доир ба тақвияти корҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ изҳори назар карда шуд.
Дипломати тоҷик барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии аграрии Узбекистон пешниҳод ироа намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Узбекистон ҷонибдорӣ гардид.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон /АМИТ «Ховар»