-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Масъалаҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии ташаккули шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти вазорат ва сохторҳои он, намояндагони Бонки Рушди Осиё, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Хазинаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таҳқиқоти демографии Академияи илмҳои Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар конфронс иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои «Масъалаҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул, такмили муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ» ва «Нақши тайёри касбии кадрҳои коргарӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсул ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ» маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки аз ҷониби вазорат лоиҳаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 омода гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли 2022 тасдиқ гардид. Дар заминаи ин Консепсия дар айни замон аз ҷониби вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилдалӣ ва миллӣ лоиҳаи Барномаи рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023-2027 омода шуда истодааст.

Тавсияҳо ва хулосаҳои конференсияи имрӯза ба таҳияи мундариҷа ва индикаторҳои барномаи мазкур замина мегузоранд.

Манбаъ: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news