-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

«КИШВАРИ АЗ ВАРАҶА ОЗОД». Тоҷикистон барои гирифтани Сертификати ТУТ пешниҳод гардид

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Тоҷикистон ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» аз 17 то 26 октябр Миссияи Бюрои минтақавии Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2021 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони директори генералии ТУТ ва директори Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ оид ба гузаронидани сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» дархост пешниҳод гардида буд.

Дар асоси ин дархост Комиссияи коршиносони мустақили байналмилалӣ дар ҳайати профессорон Педро Алонсо ва Фред Бинка, инчунин намояндаи Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ доктор Ҳонг Ли ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва инчунин марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва МНДСЭ-и ноҳияи Восеъ боздид намуд. Онҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуда, ба фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа давоми 10 соли охир баҳо гузоштанд.

Ҳисоботи Комиссияи мазкур ба унвони директори БМА ТУТ пешниҳод гардида, оид ба натиҷаи ниҳоии ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сертификати ТУТ ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» давоми се моҳи оянда хабарномаи БМА ТУТ ирсол мегардад.

Манбаъ: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news