4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Бег Сабур дар ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти алоқа ва Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба иттилоотонӣ ширкат намуд

25 октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи муштараки 58-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти   минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИАМ) ва ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба иттилоотонӣ дар назди ИАМ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур иштирок намуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи  Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов бо иштироки ҳайати аъзои комилҳуқуқи ИАМ — мақомоти  алоқаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардид.

Яке аз мавзӯҳои калидии ҷаласа- ин баррасии масъалаи самтҳои ояндадори рушди рақамӣ дар кишварҳои иштирокчии ИАМ ва масъалаҳои мубрами рушди соҳаи алоқа/ТИК дар сатҳи миллӣ буд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҷараёни омодагии маъмурияти алоқаи ИАМ -ро ба Конфронси умумиҷаҳонии радиоалоқа ва Ассамблеяи радиоалоқа, ки соли 2023 доир мегардад, баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласаи муштарак Вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа интихоб гардид. Ёдовар мешавем, ки Россия беш аз 30 сол ин Шӯроро роҳбарӣ мекард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news