Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи “С” шомил шуд ва бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад.
Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.
Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки 26 октябр дар шаҳри Тошканд доир гашт, 16 даста ба 4 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Дар натиҷаи Чемпионати Осиё-2023 миёни ҷавонон 4 дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола:
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.