0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи пленарии 54-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ба Самарқанд сафар намуд

Имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 54-уми АБ ИДМ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Дар доираи чорабиниҳои АБ ИДМ ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш бо иштироки узви Маҷлиси миллӣ Шодигул Қонунзода, ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ бо иштироки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ бо иштироки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода баргузор гардид. Вакилон андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда  иброз доштанд.

Дар ҷаласаҳои мазкур зикр гардид, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли ИДМ мебошад, ки дар фаъолияти қонунгузории худ аз қонунҳои  намунавӣ хеле  васеъ истифода мекунад. Тӯли солҳои охир савияву малакаи қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бештар тақвият ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо боз ҳам ғанитар гардидааст.

Дар кори ҷаласаҳои комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Манбаъ: МН МО ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news