-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Чин ҳамкории густурдаи илмию таҳқиқотӣ ба роҳ монда мешавад

26 октябр мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид, ки зимни он масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду давлати ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. «Муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодию фарҳангӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам мегарданд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 7 моҳи соли 2022 ба 766,1 млн доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021  313,9 млн доллар ё 169,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи Чин дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 18,5 дарсадро ташкил дода, мақоми сеюмро ишғол намуд»,-тазаккур дод Х.Усмонзода.

Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвари дӯсту ҳамсоя робитаҳои зичи ҳамкории густурда ба роҳ монда, чанд тарҳи илмиву пажӯҳиширо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни чинии худ анҷом додааст.

Яке аз онҳо китоби арзишманди «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ» аст, ки аз ҷониби муҳаққиқони варзидаи тоҷик ва чинӣ таълиф гардидааст. То ба ҳол дар бораи таърихи муносибату ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои қадим то имрӯз аз тарафи донишмандони ду кишвари ҳамсоя чунин асари арзишманд таълиф нагардида буд. Ин китоб ба забонҳои чинӣ, русӣ ва тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин аз пазироии самимии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мусбат арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад, зеро Чин ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд.

Тзи Шумин инчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду давлати ҳамсоя, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ба ифтихори 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чинро мувофиқи мақсад шуморид. Ӯ зикр кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи ҳамкории амалии судманд дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Дар мулоқот дурнамои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масоили муҳиму мубрами байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши илмиеро дар сатҳи баланд доир намоянд, то дар он донишмандон ва коршиносони варзидаи ду кишвар ширкат варзида, доир ба масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи дуҷонибаву бисёрҷониба, омилҳои таъсиррасон ба ин робитаҳо, дарёфти роҳи ҳал ва тақвияти ҳамкории минбаъда миёни ду кишвар изҳори назар намоянд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news