-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Маркази миллии тестӣ дар 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд

 Аз 22 октябр то 20 декабри соли равон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо хатмкунандагон имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд.

Аввалин имтиҳонҳои озмоишӣ барои имсол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 16, 48, 31, 97-и шаҳри Панҷакент бо фарогирии 240 нафар хатмкунандагон гузаронида шуданд. Инчунин ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар шакли электронии китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ ирсол шуд.

Имтиҳонҳои озмоишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ тибқи нақша ба роҳ монда мешаванд.

Имтиҳонҳои озмоишӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши хатмкунандагон аз фанҳои имтиҳонӣ, шиносоии онҳо бо тарҳи маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ва таркиби саволу масъалаҳои тест, баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳо аз рӯйи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегарданд.

Дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шакли электронии тарҳи нави маҷмӯи китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ гузошта шуд, то ки хатмкунандагон бо он мустақилона шинос шаванд.

Манбаъ: ММТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news