-13.1 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

Дар Хатлон ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид

Имсол бо ибтикори Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 1722 нафар ба  курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ гардида, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд. Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон, ки дирўз, 26 октябр   доир гардид, гуфта шуд.

Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаро раиси Шӯрои вилоятии мутобиқсозию — методӣ оид ба таълим ва тарбияи шаҳрвандон, Раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода оғоз намуд.

Дар ҷаласаи мазкур шахсони масъул оид ба панҷ масъалаи муҳим бо маърўза  карданд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Шӯро,   иҷрокунандаи вазифаи Раиси Суди вилояти Хатлон Шамсулло Аҳёзода дар бораи андешидани  тадбирҳои  зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани шумораи мурофиаҳои сайёри судӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои рӯзмара,  аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва иқтисодӣ – тиҷоратӣ дошта маърўза намуд.

Таъкид гардид, ки гузаронидани суҳбату вохӯриҳо миёни аҳолӣ, ҳамзамон бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба манфиати кор буда, дар ин самт мақомоти марбута минбаъд низ корро ҷоннок мекунанд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба масъалаҳои зикршуда 320 маротиба вохӯриву мизҳои мудаввар доир карда шуда, дар ин бора тариқи воситаҳои ахбори омма низ гузоришу барномаҳо таҳияву пешниҳод гардидааст.

Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон Нодир Муродзода  фаъолияти Агентиро дар  соли ҷорӣ таҳлил намуда,  дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор гузаронидани мизҳои мудаввар ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқот бо аҳли ҷамоат, дар ташкилоту муассисаҳо, баромад тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба  тарбияи ҳуқуқӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро яке аз роҳҳои муҳими ноил шудан ба мақсад арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки  зери унвони “Нашъамандӣ ва зарари он ба ҷомеа” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиш ва чорабиниҳои оммавӣ — варзишӣ гузаронида шуд, ки мақсад аз он ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим буд.

Ба иттилои масъулини соҳа,  истифода ва дарёфти маводҳои синтетикӣ, ки он ба саломатии инсон зарар расонида, ҳаёти одамонро ба хатар мебарад,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Ба таъкиди раиси Шӯро,  дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои амалкунанда корро дар самти пешгирӣ, назорат ва бурдани корҳои фаҳмонададиҳӣ вусъат бахшида, марказҳои дилхушӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати ҷиддӣ бояд қарор дошта бошад.

Маърӯзаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят дар мавзӯи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону ташкилотҳои экстремистӣ, нагаравидани наврасон ба таълимоти ғайрирасмии диннӣ, баргузории чорабиниҳо бо ҷалби зиёиён, адибон, руҳониёни бонуфуз, ВАО, рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ ва пахш намудани филмҳои кутоҳмуддати таълимӣ дар ин самт аз тарафи аъзоёни Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методи оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар иштирокдорон шунида шуд.

Оид ба мавзӯҳои ҳуқуқӣ, таҳияи видеофилмҳо аз мавзуе буд, ки атрофаш сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки дар ин давра 10 барнома ва 30 хабару гузоришҳо пешкаши бинандагон гардонида шуда, бо масъулини ниҳоди марбута суҳбатҳо пайваста гузаронида мешаванд.

Дар ҷаласа дигар баромадкунандагон,  аз ҷумла намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилоят, Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Бохтар дар мавзӯҳои болозикр ибрози назар карданд.

Дар ҷаласа оид ба ҷараёни  иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004” ҳисоботи комиссари ҳарбии вилоят шунида шуд.

Ба иттилоои комиссари ҳарбии вилоят,  ҳар як даъватшаванда аз комиссияи тиббӣ гузаронида шуда, баъдан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристода мешавад. Нисбат ба  раисони шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаи иҷрои даъват ба сафи Артиши миллиро ба таъхир гузоштаанд,  таъкид карда шуд, ки бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ нақшаи даъватро сари вақт иҷро намоянд.

Дар охири ҷаласа Раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиро ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз ҷумла захираи маводи хўрокаю сузишворӣ ва истифодаи оқилонаи замин, инчунин тамоми масъулини нашрияву маҷаллаҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, гузаронидани таблиғоту ташвиқот дар байни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо фаъолон, омода намудани маводҳо дар самти пешгирӣ ва чопи он дар нашрияњо, ташкили мизҳои муддавар ва намоиши он тариқи телевизионҳо вазифадор намуданд.

 Манбаъ: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон /АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....