0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

«WADAIKO SAI» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳунарнамоӣ менамояд

 Дар доираи таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Ҷопон ва таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон бори нахуст гурӯҳи нақоранавозони ҷопонии «WADAIKO SAI» дар Тоҷикистон бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ менамояд.

Консерти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду шаҳри Тоҷикистон: 26 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва 27 октябр дар Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Нақоранавозони моҳир оҳангҳои анъанавии ҷопониро иҷро карда, техникаи беназири навохтани «вадайко» (нақораи анъанавии ҷопонӣ) ва «нокан» (найи ҷопонӣ)-ро намоиш хоҳанд дод. Тавассути ин консертҳо тамошобинон имкон доранд бо мусиқии суннатии ҷопонӣ шинос шаванд.

Бояд зикр намуд, ки «WADAIKO SAI» — гурӯҳи ҳунарии касбиест, ки мутрибони он асосан нақораи анъанавӣ («вадайко») ва дигар асбоби суннатии ҷопонӣ, аз қабили най («нокан») менавозанд.

Ин гурӯҳ аз ҷониби Такаюки Касай соли 2005 ҳамчун маҳфили мусиқии донишгоҳ таъсис шуда, аз соли 2013 ба таври касбӣ ҳунарнамоӣ менамояд.

Аъзои гурӯҳ то имрӯз дар 25 кишвари ҷаҳон беш аз 2000 консерт намоиш додаанд.

Манбаъ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news