-22.2 C
Tajikistan
Thursday, February 13, 2025

Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд

25 октябр дар шаҳри Бусан Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон дидгоҳи кишварро роҷеъ ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.

Равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Корея, инчунин густариш ва таҳкими мушорикат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун василаи муҳими тақвияти равобити бисёрҷониба таъкид карда шуд.

Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ панҷ ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои тандурустӣ, ҳамкории рақамӣ, амнияти иқтисодӣ, сайёҳӣ, муҳити зист ва энергетика дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кории Котиботи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” барои соли 2023 қабул гардид.

Акс: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025...

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзииҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавиихизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶумҳурииТоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайнтаъин намудани Каримӣ А.М.

Related news