-11.9 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

ФУТБОЛ. Дастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» барои Ҷоми Тоҷикистон-2022 бо ҳам рақобат мекунанд

 29 октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш бозиҳои ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин бозиҳо дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд ва дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ноҳияи Рӯдакӣ рақобат карданд. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хеле ҷолиб доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 як моҳ пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфта буд. Бинобар натиҷаи 2 бозӣ футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Бозии дигар дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфтанд. Бозии аввали ин ду даста бидуни гол хотима ёфт.

Манбаъ: Федератсияи футболи Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news