-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар вилояти Суғд корхонаи нави металлургӣ бунёд мегардад

 Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст, ки то имрӯз 95 фоизи корҳои он ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин бора дирӯз зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корхонаи муштараки «Зарафшон» Жан Яомин хабар дода шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба фаъолияти корхонаи калони саноатӣ, вазъи корҳои сохтмонии корхонаи нави металлургӣ ва иҷрои уҳдадориҳои корхона мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки дар корхона 2566 нафар коргарон фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки саҳми корхона дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳру вилоят назаррас буда, бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта зиёд карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст.

Барои корхонаи нав таҷҳизот ва техникаву технологияҳои муосир дастрас гардидаанд. Дар назар аст, ки корхонаи нав ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иҷрои уҳдадориҳои корхонаи саноатӣ, бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда дар истеҳсолот ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ибрози назар намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news