-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Дар Арманистон ҷаласаи 44-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин баргузор шуд

Ҳайати Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ориф Хоҷазода дар ҷаласаи 44-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки 24-26 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор шуд, иштирок намуд.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода вобаста ба дастовардҳои Кумитаи давлатӣ ва ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин изҳори назар намуд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои мазкур ва фаъолияти муштарак дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа протокол ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 43 ҷаласаи он дар ҳар давлати аъзо бо навбат гузаронида шудааст.

Мақсади таъсиси Шӯрои мазкур- истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи заминсози геодезия, харитасозӣ, мушоҳидаи фосилавии замин ва омода намудани мутахассисони касбӣ дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Беларус ва дигар давлатҳои аъзо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бевоситаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин буда, дар ҷаласаҳои шӯрои мазкур фаъолона иштирок менамояд.

Манбаъ: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news