-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

БОКС. Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё дар Урдун ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунанд

 Аз 1 то 12 ноябр дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон баргузор мешавад. Барои иштирок дар чемпионат варзишгарони 30 давлати қора дархост додаанд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иборат аз 10 нафар ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар мегардад.

Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба бокс 8 варзишгар – 5 мард, 3 зан – ва 2 мураббӣ намояндагӣ мекунанд. Миёни бонувон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57кг ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60кг ҳастанд.

Миёни мардҳо Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 86кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.

Мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев варзишгаронро дар мусобиқаи Урдун ҳамроҳӣ мекунанд.

Муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал 1-7 ноябр, нимфинал 9-10 ва финал 11-12 ноябр ба нақша гирифта шудаанд.

Варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои Осиё оид ба бокс дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат 20 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 13 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Медалҳои тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 75кг (соли 2008), Мавзуна Чориева дар вазни то 60кг (соли 2010), Анвар Юнусов дар вазни то 57кг (соли 2011) ва Баҳодур Усмонов дар вазни то 64кг (соли 2019) сазовор гардидаанд.

Манбаъ:Федератсияи бокси Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news