5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар Хуҷанд корхонаи саноатӣ ва иншооти ёрирасони таълимӣ бунёд мешаванд

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷониби ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» корхонаи коркарди санг бунёд мешавад, ки масоҳати умумии он  беш аз 1 гектар аст. Дар чунин масоҳат бинои маъмурӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди санг бунёд мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Корхонаи коркарди санг аз ҳисоби маблағҳои ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» сохта шуда, ҳаҷми маблағи сармоягузорӣ 1,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷониби ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон дастрас карда шудааст. Иншоот аз як ошёна иборат буда, баъди ба фаъолият оғоз намудани он барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.

Корхонаи коркарди санг тибқи лоиҳаи сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосир сохта мешавад.

Сипас Раиси вилоят аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон боздид намуд. Дар донишгоҳ бинои нави замонавӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ҷашнӣ барои истифода омода шуда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, пурра бо масолеҳи ватанӣ сохта шудааст. Иншооти навбунёд дорои 20 синфхона, 4 озмоишгоҳ, аз ҷумла озмоишгоҳи криминалистӣ, компютерӣ, студия, 4 синфхонаи лексионӣ буда, бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба масъулини соҳаи сохтмону роҳбарияти шаҳр барои пурра ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ ва тақвияти корҳои ободонию сабзазоркунӣ дастуру супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news