-22.2 C
Tajikistan
Thursday, February 13, 2025

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ба сайёҳон курсҳои омўзишӣ доир шуданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барои донишҷўён ва кормандони ширкатҳои сайёҳӣ дар мавзўи хизматрасонӣ ба ҷаҳонгардон курсҳои кутоҳмудати омузишӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар оғози курсҳои омўзишӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Баҳром Аҳмадзода иштирок намуданд.

«Дар ВМКБ 49 ширкати сайёҳӣ, 164 меҳмонсарой ва 33 меҳмонхонаи хурду миёна фаъолият менамоянд. Дар нуҳ моҳи соли 2022 шумораи сайёҳони хориҷии ба вилоят воридшуда 6259 нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4718 нафар ё 4 баробар зиёдтар мебошад»,- иттилоъ дод Ғолиб Ниятбеков дар ҳамоиш.

Баҳром Аҳмадзода иброз дошт, ки баргузор намудани курсҳои омўзишӣ дар мавзўи хизматрасонӣ ба сайёҳон барои донишҷўён ва кормандони ширкатҳои сайёҳӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ мебошад.

“Зеро сол то сол шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки рағбати сайру сайёҳат дар Бадахшонро доранд, меафзояд. Ташкили бештари чунин курсҳои омўзишӣ барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба ҷаҳонгардон, инчунин воридшавии зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ ба вилоят мусоидат менамояд»,- тазаккур дод Баҳром Аҳмадзода.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ /АМИТ «Ховар»

Latest news

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025...

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзииҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавиихизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶумҳурииТоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайнтаъин намудани Каримӣ А.М.

Related news