-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаи автомобилсозии Минск ва муассисаи БелАЗ боздид намуд

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз корхонаи мошинсозии Минск /МАЗ/ ва корхонаи БелАЗ-и Беларус боздид намуд.

Директори генералии БелАЗ Сергей Никифорович меҳмонони тоҷикро бо фаъолияти корхона, сохтор ва иқтидори истеҳсолии он шинос намуд.

Шералӣ Кабир мошини худпартои барқии БелАЗ-7558Е-ро санҷида, ба он баҳои баланд дод. Ӯ ҳамзамон сатҳи пешрафтаи технологияҳои муосири дар корхона истифодашаванда, осон ва равон будани идоракунии чунин таҷҳизоти бузургро таъкид намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо ширкати БелАЗ намоишгоҳи корхонаҳои Беларус баргузор шуд. Парки техникаи истеҳсоли ин корхона дар Беларус мошинҳои худпартои зинаи хурд бо иқтидори борбардории 30-45 тонна, таҷҳизоти махсус барои истихроҷи ангишт, тилло ва алюминийро муаррифӣ мекунад.

Бо назардошти афзоиши ҳаҷми истихроҷи маъдан, инчунин тарҳҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ барои ба Тоҷикистон фиристодани мошинҳои боркаши «БелАЗ» дурнамои хубу мусоид ба вуҷуд меояд.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари хайати Тоҷикистон ба Беларус харитаи роҳ барои рушди ҳамкорӣ таҳия шавад.

Манбаъ: Вазорати саноат ва технологиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news