-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

ФУТБОЛ. Бозиҳои даври 18-уми марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ анҷом ёфтанд

Бо баргузории бозиҳои даври 18-ум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид.

Дар даври 18-ум аз 5 бозӣ 4 бозӣ мусовӣ шуд. Бозиҳо миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:0, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, КМВА –и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфтанд. Дар як бозӣ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Хотиррасон мешавем, ки марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ имсол дар қолати нав баргузор мешавад. Дар ин марҳила дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Холҳои дар марҳилаҳои якуму дуюм гирифта ҳифз карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаи ду марҳилаи гузашта панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол мекунанд. Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА-и шаҳри Душанбе мебошанд.

Панҷ дастаи боқимонда – Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, ҷойҳои аз 6 то 10-умро ишғол намуда, барои нигоҳ доштани мавқеъ дар Лигаи олӣ талош мекунанд. Ду дастае, ки дар ду ҷои охири ҷадвал мавқеъ мегиранд, дар охири мавсим ба Лигаи якум мегузаранд.

Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, ( «Истиқлол»)- – 12 гол, Шервонӣ Мабатшоев «Истиқлол»)- Дилшод Бозоров («Эсхата»)  бо 10-голӣ, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 7 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Абдухалил Боронов («Равшан» Кулоб), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафарабад), Санҷар Рихсибоев («Эсхата»), Амирҷон Сафаров («Истаравшан»)  – 5- голӣ ба нишон расониданд.

                                               Манбаъ: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news